Роҳандозии телефони боварӣ барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия телефони бовариро роҳандозӣ намудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Барои қабули дархосту шикоят, инчунин гирифтани кумаки ҳуқуқӣ барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия телефони боварӣ бар кор даромад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар дар Русия.
Акнун муҳоҷирони меҳнатӣ метавоанад барои ҳалли мушкилоти худ ба телефони боварӣ занг зананд ва кормандони намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар онро дар муддати кӯтоҳтарин баррасиву ҳал хоҳанд кард.
“Барои машварат ва роҳнамоӣ ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, рафъи саривақтии он, қабули дархосту муроҷиатҳо, расонидани ёрии ҳуқуқӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Русия телефони бовариро роҳандозӣ намудааст”, - таъкид кардааст манбаъ.
Тағйирот ба қонунгузории бахши муҳоҷират дар Русия: Чӣ навгониҳо ҷорӣ мешаванд?
Зикр гардидааст, ки телефони боварӣ тибқи тартиби муайяншуда дар вақти корӣ аз соати 9:00 то 18:00 фаъолият менамояд.
Гуфта шудааст, ки телефони боварӣ ба дархостҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мутахассисони соҳа вобаста ба масъалаҳои ҳифзу ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, дарёфти ҷойи кори муносиб, баргардонидани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ, шарҳи қонунгузории Федератсияи Россия ва ғайра посух медиҳанд.