ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Президенти FIFA, Ҷанни Инфантино рӯзи 1-уми май дар Рӯзи меҳнаткашон барои иштирок дар Конгресси Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ба Тоҷикистон меояд, иттилоъ додааст дар ин бора сомонаи “ТВ Варзиш”.
Ба иттилои манбаъ дар Конгресси навбатии CAFA бо ҳузури Ҷанни Инфантино интихоби Президенти нави ин ниҳод доир мешавад.
Бояд гуфт, ки дар Конгресси қаблии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Рустами Эмомалӣ раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, президенти нави CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ) интихоб шуда буд.
Пас аз интихоби раҳбарияти нави Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, қароргоҳи ин созмон аз Тошканд ба Душанбе оварда шуд.
Бояд гуфт, ки Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки моҳи июни соли 2014 таъсис ёфтааст, ба яке аз панҷ минтақаи Конфедератсияи футболи Осиё шомил аст.
CAFA федератсияҳои футболи шаш кишвар - Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро муттаҳид мекунад.