ДУШАНБЕ, 10 апр – Sputnik. Дар ҳудуди Душанбе ҷасади як марди солхӯрда пайдо шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Бар хабари манбаъ, шаби 9 апрел ба қисми навбатдории кумитаи занг зада, хабар доданд, ки дар даруни канали калони Ҳисор дар ҳудуди ноҳияи Синои пойтахт ҷасад ёфт шудааст.
Зимнан, ин ниҳод гурӯҳи наҷотбахшонро ба ҷои ҳодиса равон намудаст.
Маълум гардид, ки ин ҷасади марди 82-сола сокини ноҳияи Сино мебошад ва феълан иллати марги ӯ муайян нашудааст.
КҲФ ҷузъиёти бештари ин ҳодисаи нохушро ифшо накардааст.
Ёдовар мешавем, ки ниҳоди мазкур қаблан аз пайдо шудани ҷасади марди дигар хабар дод, ки ҳанӯз охири моҳи март бедарак шуда буд.
Бар хабари манбаъ, марҳум сокини ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода буда, охири моҳи март барои чаронидани чорво ба кӯҳистон рафт ва дигар барнагашт.
КҲФ мегӯяд, ҷасади ӯ аз дарёи Қаратоғ пайдо ва ба наздиконаш супорида шуд.
Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват намуд, ки то ҳадди имкон аз сафар, сайругашт, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ кунанд.