Бастрикин: Шумори ҷинояти муҳоҷирон афзоиш ёфтааст

Дар соли 2022 нисбати шаҳрвандони хориҷӣ 4,2 ҳазор парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021 тақрибан 3 баробар зиёд будааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Теъдоди парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи муҳоҷирон барои расонидани осеби вазнин ба саломатӣ 5 баробар афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар соли гузашта 893 парванда аброи куштор боз шудааст, ки нисбат ба соли 2021 панҷ маротиба зиёдтар аст.
Раиси Кумитаи тафтишоти Русия афзуд, ки дар соли 2022 дар маҷмуъ 4,2 ҳазор парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки нисбат ба соли 2021 се баробар зиёд аст.
Бастрикин ҳамчунин зикр кард, ки мавориди муқовимат ба тақозои маъмурони интизомӣ ва ҳамла ба маъмурони интизомӣ дар миёни муҳоҷирон бештар шудааст.
"Бо иштироки муҳоҷирон аксар вақт задухӯрдҳои оммавӣ ба сурат мегирад, ки боиси вокуниши васеъ мегардад. Аксари ин амалҳои ҷиноӣ аз ҷониби меҳмонон аз кишварҳои Осиёи Марказии ИДМ содир мешаванд", - гуфт раиси Кумитаи тафтишоти Русия.
Роҳандозии телефони боварӣ барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Вай тавзеҳ дод, ки шаҳрвандони солхӯрда ва беҳифозат аксар вақт қурбонии ҷиноятҳои муҳоҷирон мешаванд.
Қаблан дар Маскав чанд нафар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳангоми барангехтани низоъ ва занозанӣ дар пойтахт дастгир шуда буданд.
Онҳо амалҳои ғайриқонунии худро наворбардорӣ карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карданд ва ҳамин тариқ "дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятиро" намоиш доданд.
Ҳамзамон, ба ҳамлаҳои пешакӣ тарҳрезишуда, ноболиғон ҷалб карда мешаванд. Барои задухӯрдҳо оммавӣ ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр интихоб карда мешаванд.