ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Ба ҳолати 1 марти соли равон ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 659 млн сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2%- зиёд мебошад. иттилоъ додааст дар ҷаласа корӣ муовини Раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо.
Вай илова кард, ки дар соли равон дар вилоят дар майдони 174 ҳазору 735 гектар кишти баҳорӣ гузаронида мешавад ва то ба санаи 7 апрел дар майдони 73 ҳазору 796 гектар кишт гузаронида шудааст.
Вай афзуд, ин нишондод 42,2%-и дурнаморо дарбар гирифта, нисбати соли гузашта кишт дар наздик ба 7 ҳазор гектар зиёдтар сурат гирифтааст.
Ҳамзамон Зариф Мирдадо қайд кард, ки соли равон дар майдони 59 ҳазор гектар кишти пахта пешбинӣ гардидаааст.
Дар ҳамин ҳол, дар ин ҷаласа раиси вилояти Суғд ба масъулин супориш дод, ки дар шаҳру ноҳияҳои пахтакор раванди кишти пунбадона вусъат дода шуда, дурнамои кишт дар кутоҳтарин фурсат иҷро гардад.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки захираи дусолаи ғизоро дошта бошанд.
Вай бо ҳушдор аз вазъи мураккаб дар ҷаҳон таъкид мекунад, ки ҳар порчаи замин дар ҷумҳурӣ самаранок барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифода гардад.