ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Дастаи мунтахаби олимпии занонаи футболи Тоҷикистон дар ду бозӣ дар Ҳисор натавонист ба роҳхат бирасад.
Варзишгарони тоҷик дар даври дуввум бо пешсафи даври интихобӣ - тими Филиппин вохӯрданд.
Миллипӯшони Тоҷикистон то охири бозӣ натавонистанд гол зананд, аммо 8 гол сар доданд ва бозӣ ба фоидаи мехмонон хотима ёфт.
Дар даври ниҳоӣ тими Филиппин бо тими Ҳонконг рӯбарӯ хоҳад шуд.
Дар ин бозӣ ғолиби гурӯҳ ва ғолиби даври дуввуми мусобиқоти олимпии футболи занона дар соли 2024 бар муқобили Ҷопон, Австралия, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ муайян хоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар марҳилаи аввали интихобӣ мунтахаби Тоҷикистон аз тими Ҳонконг бо ҳисоби хисоби 0:3 шикаст хӯрд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон рушди футболи занона танҳо дар соли 2018 оғоз шуда буд.
Даста дар Ҷоми Осиё (2018) ва даври муқаддамотии Бозиҳои олимпии соли 2020 ширкат кард, вале натиҷаҳои махсусан хуб нишон надод.
Дар раддабандии ФИФА Филиппин дар ҷойи 54-ум, Ҳонконг дар ҷои 79-ум, Тоҷикистон 144-ум ва Покистон дар ҷойи 161-ум қарор доранд.