Гирифтани муҷаввиз барои сохтмон дар Тоҷикистон содатар шуд

Акнун хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои заруриро дар шакли электронӣ дар вебсайти Хадамоти иҷозатномадиҳии шаҳрсозӣ сабти ном кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Тоҷикистон раванди дарёфти муҷаввиз барои фаъолияти сохтмонро сода кардааст.
Дар ин бора АМИТ "Ховар" бо такя ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ хабар дод.
Тавре дар ин ниҳод зикр гардид, акнун шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд ҳуҷҷатҳои заруриро дар шакли электронӣ дар сомонаи Хадамоти иҷозатномадиҳии шаҳрсозӣ сабти ном кунанд.
Гуфта мешавад, ки ин иқдом бар асоси нақшаи кории Кумита дар чаҳорчӯби тавсеа ва амиқсозии рақамисозӣ дар Тоҷикистон амалӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷумҳурӣ барои нақшаи татбиқи пурраи ҳукумати ллектронӣ идома дорад, ки ин корро ширкатҳои русӣ бештар анҷом медиҳанд.
Ҳушдори Рустами Эмомалӣ аз заминҷунбиҳо ва таъкидаш ба Раҳмон барои назорати сохтмонҳо
Қаблан дар бораи тарҳи муштараки Тоҷикистону Чин барои бунёди роҳу пулҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маълум шуда буд.
Дар доираи нақша сохтмони купруки гузаргоҳ аз болои дарёи Ғунд бо дарозии 200 м, воқеъ дар хиёбони Ш.Шоҳтемури шаҳри Хоруғ, инчунин роҳҳои ба он пайвастшуда ба дарозии зиёда аз 1 км пешбинӣ шудааст.
Дар ноҳияи Шуғнон бо дарназардошти сохтмони долони зиддтарма (550 м) ва пули тақрибан 83 метр роҳи дарозиаш 3,4 километр сохта мешавад.