ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Раисҷумҳури собиқи Амрико Доналд Трамп ахиран дар шабакаи иҷтимои “Truth”-и худ навишт, ки ин аҳмақҳо дар Кохи сифед ба таври системотикӣ кишвари моро нобуд мекунанд.
Вай гуфт, ба раҳбарии бузургтарин аҳмақи ҳамаи онҳо, Ҷо Байден дармонда, бозии иттилооти нодурусти ҷадид ба роҳ андохтаанд.
Трампо ба хотири таслими худашон дар Афғонистон, ки бо бе кифоятии зиёд анҷом шуд, муқассир медонанд.
Трамп афзуд, ман ҳам монанди соирин шоҳиди ин фоҷеъа будам.
“Дидам, ки ибтидои артишро хориҷ карданд, таҷҳизоти Низомӣ ба арзиши 85 миллиард долларро доданд. Иҷоза доданд сарбозони мо кушта шаванд ва Амрикоиҳоро ҷо гузоштанд. Байден масуласт, на ҳеҷ каси дигаре!”,- гуфт Трамп.
Тибқи ин иттилои манбаъ ба рағми иддаои Трамп гумон меравад мизони воқеии таҷҳизоти Амрико, ки баъд аз хуруҷи ошуфтаи ин кишвар дар Афғонистон ба ҷо монад, каме беш аз ҳафт миллиард доллар бошад, ки бештари он аз назари фаннии мутаъаллиқ ба давлати собиқи ин кишвар аст.
Кохи сифед дар гузориши ахири худ ба тасмимоти иттихозшуда дар хусуси хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон пардохт.
Дар хулосаи ин гузориш омадааст: “Тасмимҳои раисҷумҳури Байден барои иҷрои хуруҷ аз Афғонистон то ҳади зиёде ба далели шароити эҷодшудаи тавассути раисҷумҳури муқобили ӯ маҳдуд шуда буд” .
Энтонии Блинкен вазири умури хориҷаи Амрикои ахиран эълом кард, вазорати хориҷаи ин кишвар то моҳи апрел натоиҷи баррасии нақши худ дар хуруҷи Вашингтон аз Афғонистонро бо конгресс дар миён хоҳад гузошт.
Ахиран Майкл Маккол, раиси кумитаи равобити хориҷии маҷлиси намояндагон Амрико гуфт, агар Блинкен асноди марбут ба хуруҷи Амрико аз Афғонистонро ироа накунад, ӯро эҳзор хоҳад кард.