ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Русия тасмим гирифтааст, ба театрҳои русӣ дар хориҷ аз кишвар кумаки молии расонад.
Дар ин бора муовини вазири фарҳанги Русия Алла Манилова дар конфронси байналмилалии “Театри русӣ дар хориҷ ҳамчун пажуҳишгоҳи фарҳанги Русия"”изҳор дошт.
Ҳамин тариқ, дар соли 2023 театрҳои русӣ дар 10 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, кумаки молӣ дастрас хоҳанд кард.
Ба гуфтаи Манилова, Театри драмавии русии ба номи Маяковский дар Душанбе мушкилоти ҷиддии зербиноӣ дорад.
Дастгирии молиявии театрҳои русӣ дар хориҷ дар ду бахш сурат хоҳад гирифт: харидани таҷҳизоти замонавии саҳнавӣ ва дастгирии намоишномаҳои нав.
"Панҷ миллион рубл барои таҷҳизот, ҳамин миқдор барои намоишҳо. Ҳама маблағ бояд имсол аз худ карда шаванд", - гуфт муовини вазир.
Вай гуфт, ки дар соли равон 15 театр дар даҳ кишвар барои дастгирӣ интихоб шудаанд. Театрҳои русӣ дар Абхазистон, Арманистон, Белорус, Гурҷистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Осетияи Ҷанубӣ ва Қазоқистон кумаки молӣ хоҳанд гирифт.
Рӯзҳои 7-8 апрел дар шаҳри Санкт-Петербург конфронси чоруми байналмилалии “Театри русӣ дар хориҷ ҳамчун пажуҳишгоҳи фарҳанги Русия” ҷараён дорад.