Дар рӯзи ҷаҳонии ҳифзи тандурстӣ, даҳҳо сокини шаҳри Хуҷанд барои муоинаи ва табобати ройгон ба назди табибон омаданд.
Саҳну атрофи Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 дар Хуҷанд аз субҳи барвақт серодам буд.
Барои қабули сокинон гурӯҳи иборат аз нуҳнафараи табибон ин муассиса аз ҷумлаи табиби амрози гуногун аз ҷумла табиби амрози дарунӣ, амрози занона, ҷарроҳ, ғадудшинос (эндокринолог), осебшинос, асабшинос ба муоинаи ройгон машғул шудаанд.
Алиҷон Юсуфов, табиби ҷарроҳи ва раиси кумитаи иттифоқи касабаи Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 и шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод, ки дар ҷараёни қабули ройгони табибон шарҳвандон бештар аз кадом бемориҳо шикоят кардаанд.
“Маълум гардид, ки бештари сокинон дар бораи бемории амрози асаб, дарунӣ ва қалб ба табибон муроҷиат кардаанд” – гуфт Юсупфов.
Бино ба гуфти ин табиб, давоми шаш соати қабули ройгон, беш аз 300 нафар вазъи саломатии худро муоина кардаанд.
Имрӯз дар муассисаҳои таббии кишвар Рӯзи қабули ройгони шаҳрвандон ба роҳ монда шудааст.
Сокиноне, ки имрӯз барои муоинаи худ ба назди табибон омаданд, изҳор намуданд, ки ин гуна маъракаҳои вабаста ба ҳифзи вазъи саломатии мардум бештар доир карда шаванд.