ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон мусобиқаи Ҷоми кушоди Осиё миёни наврасон оғоз шуд, ки дар рӯзи аввали ҷудокорони навраси тоҷик се медал дар даст оварданд.
Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар рӯзи якуми мусобиқа се ҷудокори навраси тоҷик Лоиқ Қутбудинов (55кг), Ворис Назаров (66кг) ва Аминҷон Абдуҷалилзода (73кг) сазовори медалҳои биринҷӣ шуданд.
Ҷудокорони тоҷик дар вазнҳои -81, -90 ва +90 кг кувваозмоӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки 13 ҷудокори тоҷик барои иштирок ба мусобиқаи Ҷоми кушоди Осиё миёни наврасону ҷавонон, ки аз 7-ум то 9-уми апрел идома меёбад, сафарбар гардидаанд.
Чанде пеш ҳамаи 5 намояндаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии Antalya Grand Slam - 2023 дар вазнҳои гуногун натавонистанд ба сабқатҳо барои ҷойҳои ифтихорӣ расанд.