ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Ҳар як кӯшиши нерӯҳои Украина барои таҷовуз ба қаламрави Русия посухи шадид хоҳад гирифт. Дар ин бора Михаил Шеремет, вакили Думаи давлатии Русия аз Қрим хабар дод.
Ба иттилои РИА "Новости", вай изҳороти намояндагони дафтари Зеленский дар бораи эҳтимоли тасарруфи низомии нимҷазира ва дурнамои музокирот бо ҷониби Русияро ҳамин тавр шарҳ додааст.
"Боварӣ ба худ ва худписандии онҳо аҷиб аст. Онҳо бояд дар бораи ҳифзи сарҳади боқимондаи Украина фикр кунанд. Музокирот дар бораи мақоми Қрим аз имкон берун аст. Русия мардум ва қаламравашро хариду фурӯш намекунад", - таъкид кард Шеремет.
Вай афзуд, ки агар онҳо барои ишғоли қаламравҳои Русия талош кунанд, ба нирӯҳои украинӣ зарбаи шадид хоҳанд зад.
"Агар гуфтушунид имконпазир бошад, пас танҳо бо шартҳои Русия. Ин комилан озодсозии тамоми қаламрави боқимондаи Украина аз режими фашистӣ, нозизудоӣ ва таслими Зеленский аст", - хулоса кард вакил.
Ёдовар мешавем, ки 24 феврали соли 2022 Федератсияи Русия дар Украина амалиёти вижаи низомиро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд." Илова бар ин, вазифаҳои эълоншудаи амалиёти вижаи низомӣ инчунин аз нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина иборатанд.