ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Барои гирифтани шаҳрвандии Русия дигар розигии волидайни хориҷӣ лозим намеояд.
Ин аз ислоҳи нав ба қонун "Дар бораи шаҳрвандӣ" бармеояд, ки онро Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури ИДМ тасвиб кардааст. Ҳуҷҷат дар пойгоҳи электронии Дума ҷойгир карда шудааст.
Тибқи он ҳоло пешниҳод мешавад, ки талаботи ризоияти волидайни дуюм – шаҳрванди хориҷӣ, ҳангоми қабули кӯдак ба шаҳрвандии Федератсияи Русия аз байн бурда шавад.
"Дар банди 1 қисми 4 моддаи 16, талаби пешниҳоди ризоияти волидайни дуюм - шаҳрванди хориҷӣ ҳангоми қабули кудаке, ки дар издивоҷи омехта ба шаҳрвандии Федератсияи Русия таваллуд шудааст, пешбинӣ шудааст", — гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.
Илова бар ин, дар тарҳи қонун коҳиши шумори талабот ба беш аз 20 тоифаи ашхос ҳангоми қабули онҳо ба шаҳрвандии Русия пешбинӣ шудааст.
Инчунин тавсеаи ваколатҳои Президенти Федератсияи Русия оид ба муайян кардани категорияи шахсоне, ки ҳуқуқи гирифтани шиносномаи Русияро доранд, пешбинӣ мешавад.
Лоиҳаи қонун, ки дар хониши аввал 5 апрели соли 2022 қабул шуд, маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ, аз ҷумла барои ҷиноятҳои дорои хусусияти террористиро пешбинӣ мекард.
Аз ҷумла ҷиноятҳои вазнин бар зидди давлат, инчунин ҷиноятҳо дар соҳаи гардиши воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо ё бо хоҳиши ихтиёрии шаҳрванд.