Мусобиқа миёни низомиёни тоҷику рус дар тамрингоҳи Ҳарбмайдон: натиҷаҳо

Спортивные соревнования между командами национальных контингентов на полигоне Харб-Майдон в рамках российско-таджикских учений
Хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистону Русия мусобиқоти даставӣ оид ба волейболу футболи хурд, инчунин мусобиқаи армрестлинг ва артиш баргузор карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Дар вилояти Хатлон, дар тамрингоҳи Ҳарбмайдон мусобиқаи варзишӣ миёни дастаҳои нерӯҳои низомии Русия ва Тоҷикистон доир шуд, гузориш медиҳад, дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбӣ.
Ба иттилои манбаъ, бозиҳо дар чаҳорчӯби машқҳои муштараки Русияву Тоҷикистон баргузор шуданд.
Ифтитоҳи мусобиқа бо сухани ифтитоҳии сардори шӯъбаи омодагии ҷангии Ҳавзаи марказии ҳарбӣ генерал-майор Сергей Пименков оғоз гардид.
Ӯ ба ҳамаи иштироккунандагон барори кор ва муборизаи одилона орзу намуд.
Военные учения ОДКБ в Таджикистане Рубеж-2022
Размоиши муштараки Тоҷикистону Русия дар наздикии марз бо Афғонистон
Ҳамин тариқ дар риштаи волейбол низомиёни Тоҷикистон ва низомиёни Русия дар футбол, дастхобонӣ, вазнбардорӣ ва ресмонкашӣ ғолиб шуданд.
Бо натиҷагирӣ аз сабқат ғолибон бо медалу ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокдорон низ даст ба ҳам фишурда, барои рақобати одилона изҳори сипос намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 3 апрел нерӯҳои низомӣ дар тамрингоҳи "Ҳарбмайдон", 20-километрии марзи Афғонистон ба машқҳои муштарак шурӯъ карданд.
Онҳо омодагӣ ва гузаронидани амалиёти муштараки маҳви гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонуниро машқ намуданд.