Футболбозони тоҷик дар нахустин бозии интихобии олимпӣ мағлуб шуданд

Даври аввали интихобии мусобиқаи бонувони Бозиҳои олимпӣ-2024, ки дар Ҳисор баргузор шуд, барои тими футболи Тоҷикистон бебарор оғоз шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Дастаи мунтахаби занонаи олимпии футболи Тоҷикистон дар бозии интихобии Олимпиада-2024 аз тими Ҳонгконг шикаст хӯрд.
Дар умум бозь бо ҳисоби 0:3 ба фоидаи меҳмонон хотима ёфт.
Голи аввалине, ки ба тими Ҳонконг, тасодуфан ба даст омад - пас аз зарбаи кунҷӣ ба самти дарвоза тӯба ба пои футболбози тоҷик шуда, вориди дарвозаи худашон гардид.
Голи дуюмро бозигарон Ҳонконг бо усули хуб аз бурҷ ба ҳадаф расониданд.
Тӯби сеюм дар охири бозӣ, дар дақиқаи 88-ум пас аз комбинатсияи муваффақи варзишгарони Ҳонконг ба самар расид.
"Дар орзуи Порис": мусобиқоти байналмилалии футболи бонувон дар Ҳисор
Даври навбатии интихобӣ рӯзи 8 апрел дар назар аст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими Филиппин, маҳбубу аз ҷониби умум эътирофшудаи мусобиқот вомехӯрад.
Ёдовар мешавем, ки даври аввали интихобии мусобиқоти бонувонb Бозиҳои олимпӣ-2024 дар гурӯҳи “Е” дар Ҳисор баргузор мешавад.
Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Филиппин, Ҳонконг ва Покистон барои роҳхат ба даври дувуми мусобиқоти тобистонаи соли 2024, ки дар Порис баргузор мешавад, мубориза мебаранд.