Толибҳо: Афғонистон алоқаманд ба густариши равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ бо Русия аст

Мақомоти толибҳо аз дидору гуфтугӯи сарпарасти вазорати умури хориҷаи Афғонистон бо сафири Русия дар Кобул хабар доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Дар дидори сарпарасти вазорати хориҷаи Афғонистон Амирхон Муттақӣ бо сафири Русия дар Кобул Дмитрий Жирнов ҳамкориҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва ҳамаҷонибаи Афғонистону Русия баррасӣ шуданд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба Вазорати умури хориҷаи толибҳо.
Вазорати умури хориҷа толибҳо мегуяд, ки сарпарасти ин вазорат дар ин мулоқот таъкид кард, ки Афғонистони алоқаманд ба густариши равобити сиёсӣ ва иқтисодии хуб бо Русия аст .
Муттақӣ дар дидор бо Жирнов таъкид кард, ки ҳеҷ таҳдиди амниятии ҷаддӣ дар Афғонистон вуҷӯд надорад ва ҳеҷ таҳдиде аз сӯйи Афғонистон барои соири кишварҳо вуҷуд надорад.
Оғози фаъолияти дубораи консулгарии Русия дар Мазори Шариф
Сафири Русия низ дар дидор бар равобити наздики ду кишвар таъкид кард ва омодагии Русия барои тақвияти ҳамкориҳо дар аксари заминаҳоро дар оянда нишон дод.
Ин дидор замоне сурат мегирад, ки Русия ва кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар таърихи 13 апрел дар Ӯзбекистони нишастеро дар бораи Афғонистон баргузор мекунанд.