Алиев ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

Раисҷумҳури Озарбойҷон ҳамчун рамзи эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ба пояи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Дар доираи сафари давлатӣ ба Тоҷикистон Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Маҷмааи меъмории "Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон", воқеъ дар майдони "Дӯстӣ"-и Душанбе омад ва ба пояи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Манбаъ хабар додааст, ки дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Озарбойҷонро Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи ин сафар инчунин мулоқоту музокироти сатҳи баланди давлатӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон пешбинӣ гардида, доираи васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳад шуд.
Ҳамчунин тибқи барномаи сафар, пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон якчанд санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида мешавад.
Горди фахрию Расулзода: Алиевро дар Душанбе чӣ гуна пешвоз гирифтанд?
Ёдовар мешавем, ки Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Санаи 4 апрел дар доираи сафари давлатии Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор гардид.
Дар форум масъалаҳо оид ба имконияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика ва сайёҳӣ баррасӣ гардида, инчунин имконоти ҳамкорӣ аз ҷониби бахши хусусии ду давлат муаррифӣ карда шуд.
Дар доираи форуми мазкур санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкорию сармоягузории ду давлат – Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба имзо расонида шуд.