Баррасии тақвияти равобити байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Русия

Дар ҳошияи робитаҳои сиёсии Тоҷикистон ва Русия ҳамкории байнипарлумонии ҳар ду давлат ба таври фаъол ба роҳ монда шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Дар мулоқоти раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо Сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев масоили тавсеаи равобити байнипарлумонӣ байни ду кишвар баррасӣ шуд, иттилоъ додааст котиботи матбуоти Маҷлиси намояндагони ҷумҳурӣ.
Дар ин дидор қайд карда шудааст, ки ҳамкории байнипарлумонии ҳар ду давлат ба таври фаъол ба роҳ монда шудааст ва байни вакилони парлумонҳои ин давлатҳо вохӯриву суҳбатҳои судманд доир мешаванд.
Ҳамзамон дар мулоқот таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Русияро таърихан муносибатҳои чандинасраи дӯстона ба ҳам мепайванданд.
“Ҳамкории ду давлат ҳамчунин дар соҳаи илм, маориф, фарҳанг ва технологияҳои инноватсионӣ босамар тавсеа меёбад. Ин раванд бо таъсиси намояндагии КВД "Россотрудничество", Маркази иттилоотиву фарҳангии Бунёди "Русский мир" дар Тоҷикистон боз ҳам тақвият ёфт”, - таъкид кардаанд ҷонибҳо.
Ширкатҳои бонуфузи Русия ба Тоҷикистон меоянд
Инчунин қайд карда шудааст, ки айни замон дар Тоҷикистон дар баробари Донишгоҳи (славянии ) Русия ва Тоҷикистон инчунин филиали ду донишгоҳи пуриқтидори Москва – Донишгоҳи давлатии Русия ба номи М.Ломоносов ва Донишкадаи хӯла ва пӯлоди Маскав фаъолият доранд.
Тӯли солҳои охир теъдоди умумии донишҷӯёни Тоҷикистон, ки дар мактабҳои олии Русия таҳсил мекунанд, рӯ ба афзоиш дорад.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба густариши робитаҳои байнипарлумонӣ табодули афкор карда шуд.