Ширкати русӣ дар ВМКБ коргар меҷӯяд

Намояндагони ширкати “Первая экспедиционая компания”-и Русия ба корҷӯёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маош ва шароити хуби корӣ ваъда доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Ахиран дар толори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи академик Моёншо Назаршоев вохурии намояндагони ширкати “Первая экспедиционая компания”-и Русия бо корҷӯёи шаҳри Хоруғ баргузор гардид, иттилоъ додааст сомонаи “Нигини Хоруғ”.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ намояндагони ин ширкати бонуфузи Русия дар бораи шаклҳои хизматрасонӣ маълумот дода, иброз доштанд ки корҷуён дар асоси қарордоди байнидавлатӣ ба кор ҷалб гардида, аз тарафи ширкати мазкур маблағи чиптаи ҳавопаймо ва дигар ҳуҷатҳои зарури барои кор дар Русия пардохт карда мешавад.
Намояндагони ширкат таъкид крданд, ки шароити лозимии кор барои муҳоҷирон фароҳам оварда шуда, онҳо бо ҷойи хоб, ҳамом ва 3 вақт хуроки гарму либоси махсуси корӣ таъмин карда мешаванд.
Боздиди кормандони сафорат аз ҳоли муҳоҷирон дар боздошгоҳи Сахарова
Ширкати мазкур хабар дод, ки ба беш аз 14 хазор нафар корманд эҳтиёҷ дорад, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 3,5 хазор нафар шаҳрвандони кишварҳои Осиёи миёна дар шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Россия ба кор машғул мебошанд.
“Кор дар самтҳои гуногун ба хусус анборҳои нигаҳдории масолеҳи сохтмонӣ инчунин фаъолият дар корхонаҳои сабуки саноатӣ, ки ба истеҳсоли матоъ ва маҳсулоти бофандагӣ сару кор мегиранд, ҷараён мегирад”,- иттилоъ додааст намояндагони ширкат.
Намояндагони ин ширкати хориҷӣ бо корҷӯёни маркази ВМКБ-и шаҳри Хоруғ дар шакли намоиш шароити кор дар ин ширкати бонуфузро муаррифӣ намуданд.
Ширкати “Первая экспедиционая компания” яке аз бузургтарин ширкати логистикии Федератсияи Россия ба ҳисоб рафта,зиёда аз 300 намояндагии он дар тамоми минтақаҳои Федератсияи Россия фаъолият доранд.