Ҳалокати писари хурдсол дар куҳистони ҷануби Тоҷикистон: тафсилот

Дар ҷануби Тоҷикистон боз як ҳодисаи нохуш сабт шуд, ки дар дар натиҷа як кӯдаки хурдсол ба ҳалокат расид. КҲФ аз сокинон хостааст, ки ба тавсияҳояш амал кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Дар вилояти Хатлон писарбачаи даҳсола ҳангоми ҷамъоварии занбурӯғ ба ҳалокат расид,
Дар ин бора сухангӯи КҲФ Умеда Юсупова @Sputnik_Tajikistan гуфт, ки ҳодиса дар деҳаи Питов-2, ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинги сар задааст.
Маълум шуд, ки писарбача ҳамроҳи дӯстонаш ба кӯҳистон, воқеъ дар наздикии деҳаашон рафта, ҳангоми гузаштан аз дарё лағжида ба об меафтад.
Ҳамраҳонаш ба ӯ кумак карда наметавонанд ва ноболиғ ғарқ мешавад.
Гуфта мешавад, ки пас аз як амалиёти ҷустуҷӯӣ ҷасади ӯро 50 метр поёнтар дар ҷои ҳодиса пайдо карданд.
Дар Мӯъминобод кӯдаки 7 - сола зери сел монд
Маврид ба зикр аст, ки ин аввалин ҳолати фавти ноболиғон дар чунин ҳолат набуда, қаблан низ дар ноҳияи Мӯъминобод, кӯдаки ҳафт сола зери сел афтода, ҷон бохта буд
Ҳодиса замоне рух медиҳад, ки кӯдак барои бурдани хӯрок ба бародари худ, ки дар кӯҳ чорво мечаронд, рух додааст.
КҲФ қайд кард, ки тайи чанд рӯзи охир борҳо ба аҳолӣ муроҷиат намуда, аз номусоидии обу ҳаво ҳушдор додаанд, аммо сокинон на ҳамеша онро риоя мекунанд.

"Набояд ба огоҳӣ ва тавсияҳои мақомоти салоҳиятдор беэҳтиётона муносибат кард", - гуфта мешавад дар изҳороти наҷотдиҳандагон.

Раёсат аз мардуми маҳаллӣ даъват мекунад, ки дар рӯзҳои наздик аз ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш, занбӯруғ, ҳезум, чаронидани чорво, моҳидорӣ ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ кунанд.