ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дастур додааст, ки кишти баҳории зироату маҳсулот суръат бахшида шавад, гузориш медиҳад, дафтари матбуоти президент.
Ӯ дар ин хусус бо раисони ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Файзобод суҳбати телефонӣ анҷом додааст.
Гуфта мешавад, ки зимни ин тамос, руасои навоҳии мазкур дар бораи вазъияти кишти зироатҳои баҳорӣ дар мавсими имсола гузориш додаанд.
Пас аз ин раисиҷумҳур ба раҳбарони ноҳияиҳои тобеи марказ дастур дод, ки маъракаи киштукорро ҳарчи зудтар ба анҷом расонанд.
Вай аз ҷумла супориш додааст, ки дар ин ноҳияҳо ба васеъ кардани майдонҳои асосӣ ва кишти зироатҳои асосии хоҷагииқишлоқ диққати асосӣ дода шавад.
Ӯ инчунин таваҷҷуҳро ба зарурати баланд бардоштани ҳосили картошка бо назардошти риояи тамоми қоидаҳои агротехники ҷалб намудааст.
Қаблан мақомот гуфта буданд, ки соли 2022 дар кишвар дар майдони зиёда аз 32 ҳазор кишти картошка сурат гирифт, ки кам аст. Дар назар аст, соли ҷорӣ он бештар карда шавад.