ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Мулоқоти сафири ИМА дар Туркия, Ҷефри Флейк бо номзади мухолифин дар интихоботи қарибулвуқуи президентӣ боиси нигарониҳо гардидаст.
Президенти Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз сафири амрикоӣ шадидан интиқод кардааст, ки интизор меравад даври нави таниш миёни Анкара ва Вашингтон шавад.
Эрдуғон изҳор дошт, ки дарҳои ӯ ба рӯи сафири ИМА баста мебошад. Президент аз он норозигӣ кардааст, ки сафири ИМА дар Анкара Ҷеффри Флейк бо ягона номзад аз мухолифин дар интихоботи президентии Туркия, Камол Киличдаруғлу, мулоқот кардаст.
Ин иқдоми дипломати амрикоӣ Эрдуғонро ба хашм овард ва гуфт, ки сафири ИМА "бояд ҷои худро бидонад".
"Сафири Байден бой Камолро зиёрат мекунад. Шарманда, бо сари худ фикр кун. Ту сафир ҳастӣ. Ҳамсуҳбатат дар инҷо президент мебошад", - таъкид намудаст раисҷумҳури Туркия.
Дар зимн таъкид кардаст, ки минбаъд сафири ИМА-ро ба ҳузур нахоҳад пазириуфт.
"Дарҳои мо ба рӯи ӯ баста аст, дигар даромада наметавонад. Чаро? Бигзор ҷойашро донад", - шарҳ додаст Эрдуғон.
Маврид ба зикр аст, ки Қиличдароғлу рақиби аслии Эрдуғон дар интихоботи қарибулвуқӯъи президентии Туркия ба шумор меравад. Интихобот 14 май дар назар буда, аҳзобу ҳаракатҳои мухолиф номзади ягонаи худро пешниҳод кардаанд.
Таъкид мешавад, ки пажуҳишҳои қаблазинтихоботӣ ҳанӯз наметавонанд муайян кунанд, ки кадоме аз ин номзадҳо имкони бештари пирӯзӣ дар интихоботи оянда дорад.