ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Нерӯҳои украинӣ барои гузарондани амалиёти ҳамла ба вилояти Запороже гурӯҳи кофӣ ҷамъ кардаанд, изҳор дошт раҳбари ҷунбиши "Мо бо Русия ҳастем", Владимир Рогов.
Вай дар суҳбат бо РИА "Новости" таъкид намудаст, ки ба ҳамлаи ҷониби Украина дар ҳар лаҳза омода мебошанд.
"Онҳо ба қадри кофӣ ҷангҷӯён ва аслиҳа ҷамъ кардаанд. Мо ҳар лаҳза интизори онҳо ҳастем. Истихбороти мо дар бораи интиқоли мошинҳои нави зиреҳпӯш, аз ҷумла мошинҳои ғарбӣ маълумот медиҳад", - таъкид намудаст Рогов.
Ӯ таъкид кардааст, ки Ғарб раисҷумҳури Украина, Владимир Зеленскийро ба ҳамла тела медиҳад, то самаранокии истифодаи силоҳи ғарбиро нишон диҳад.
"Ғарб натиҷаҳои фаврӣ мехоҳад, ба амалиёти низомӣ бо шумораи зиёди кушташудагон ниёз дорад", - изҳори боварӣ намуд роҳбари ҷунбиши "Мо бо Русия ҳастем".
Илова бар ин, ба гуфтаи ӯ, дар расонаҳои Украина як силсила нашрияҳои фармоишӣ дар бораи вилояти Запороже пайдо шуданд, ки дар онҳо афкори умум барои ҳамлаи эҳтимолӣ омода мешавад.
"Аз нуқтаи назари PR самти Запорожеро таъкид мекунад, то дар он ҷо як навъ ифлоскориеро амалӣ созад. Ин як амалиёти иттилоотӣ ва равонӣ барои паст кардани рӯҳияи низомиёни мост. Аммо наметавонанд, ҷавоби сазовор хоҳанд гирифт", - гуфт Рогов.
Вилояти Запороже дар пайи як раъйпурсии моҳи сентябри соли 2022 субъекти Федератсияи Русия шуд, ки Киев натоиҷи онро эътироф намекунад ва оташкушоӣ сӯи ин қаламравро идома медиҳад.
Феълан беш аз 70%-и ҳудуди вилояти Запороже таҳти назорати Русия қарор дорад, дар ҳоле ки маркази вилоят, шаҳри Запороже таҳти назорати нерӯҳои Украина боқӣ мемонад.