Коренков гуфт, кадом молҳои русӣ дар Тоҷикистон маъмул шудаанд

Тоҷикистон аз Русия маҳсулоти хӯрокворӣ, инчунин маҳсулоти комплекси агросаноатӣ ворид мекунад, мегӯяд намояндагии тиҷоратии Федератсияи Русия дар ҷумҳурӣ
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Ҳаҷми воридоти Русия ба Тоҷикистон дар соли 2022 309,5 миллион долларро ташкил дод, гуфт Евгений Коренков, намояндаи тиҷоратии ФР дар ин кишвар ба Sputnik Тоҷикистон.
Бино ба иттилоъи Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, 16 дарсади маҳсулоти воридотии Тоҷикистон дар гардиши тиҷорати хориҷӣ ба Русия рост меояд.
Аз ҷумла, кишвар аз Россия маҳсулоти озуқаворӣ ва комплекси агросаноатӣ мегирад.
“Маҳсулоти серталаб маргарин, обҳои маъданӣ ва нӯшокиҳои газдор, равғани офтобпараст ва маҳсулоти гуногуни қаннодӣ мебошанд”, - гуфт Коренков.
Ҳамчунин, Русия аллакай содироти тахта ба Тоҷикистонро ба таври қобили мулоҳиза афзоиш додааст.
Ширкатҳои бонуфузи Русия ба Тоҷикистон меоянд
Дар ду моҳи аввали соли 2023 интиқоли чӯби Русия ба Тоҷикистон 1,4 баробар афзуда, ба 67 ҳазор метри мукааб расидааст.
Қаблан Николай Журавлев, муовини раиси Шӯрои Федератсия мизони рекордии муомилоти мол миёни Русия ва Тоҷикистонро пешгӯӣ кард.
Ба бовари ӯ, дар 2 соли оянда гардиши молии кишварҳо метавонад беш аз 2 баробар афзоиш ёбад.