СААД омодагӣ ба "Бародарии ҷангӣ - 2023"-ро баррасӣ кард

Дар музокироти Созмон Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ намояндагони вазорату идораҳои Беларус, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон ва дигар давлатҳо ширкат доштанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Ситоди муштараки СААД нахустин музокирот дар мавриди омодагиҳо ба машқҳои муштарак бо иштироки нерӯҳои дастаҷамъии ин созмонро баргузор кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ иттилоъ дод.
Бар асоси иттилоияи манбаъ, дар музокирот намояндагони вазорату идораҳои Русия, Тоҷикистон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва котиботи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ширкат доштанд.
"Дар соли 2023 маҷмӯи машқҳо бо нерӯҳои дастаҷамъии СААД дар шакли машқҳои муштараки оперативӣ-стратегии “Бародарии ҷангӣ” баргузор мешавад, ки шакли олии тамриноти муштарак мебошад”, - омадааст дар иттилоия.
Раҳмон бо дабири нави СААД дар Душанбе мулоқот кард
Таъкид гардид, ки дар доираи "Бародарии ҷангӣ - 2023" як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шудаанд.
Аз ҷумла дар қаламрави Беларус бори аввал машқҳои махсус бо ҷалби воҳидҳоши махсуси ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологӣ ва кумаки тиббӣ таҳти унвони "Сад - 2023" дар назар мебошад.
Марҳилаи ниҳоии тамриноти муштараки “Бародарии ҷангӣ - 2023” дар минтақаи Осиёи Марказӣ баргузории чорабинии дастаҷамъӣ бо нерӯҳои посдори сулҳи СААД таҳти унвони "Бародарии абадӣ - 2023” хоҳад буд.