Қазон довталаби мизбонии бозиҳои СҲШ шуд

Пас аз пешниҳоди Русия барои мизбонии нахустин Бозиҳои СҲШ, мақомоти Тотористон ташаббуси пазироии ин чорабиниро дар қаламрави худ ба миён гузоштаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Қазон имкони баргузории Бозиҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхайро дар қаламрави худ баррасӣ мекунад, хабар дод ТАСС.
Пойтахти Тотористон ҳавасмандияшро ба баргузории нахустин чунин бозиҳо баён дошта, таъкид намудаст, ки ҳоло дар ин масъала бо Вазорати варзиши Федератсияи Русия кор бурда истодааст.
Ҳоло нақшаи мусобиқа ҷамъоварӣ мешавад, изҳор доштаст вазири варзиши Тотористон Владимир Леонов.
"Дар маҷмӯъ, мо ҳоло ҳам бо Вазорати варзиши Русия барои мизбонии бозиҳои БРИКС ва ё Бозиҳои СҲШ ҳамкорӣ дорем. Мо ба баргузории чунин мусобиқаҳои бузург манфиатдорем", - гуфт ӯ.
Тавсеаи ҳамкории сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ миёни кишварҳои СҲШ баррасӣ шуд
Маврид ба зикр аст, ки қаблан вазири варзиши Русия Олег Матисин дар ҷаласаи раҳбарони бахшҳои масъули рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши кишварҳои узви СҲШ дар Деҳлӣ ташаббуси баргузории Бозиҳои нахустин ин ташкилотро ба миён гузошт.
Матисин пешниҳод карда буд, ки нахустин бозиҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар қаламрави Русия баргузор гарданд.
Дар ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳои варзиши Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат доштанд. Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи ташкили Ассотсиатсияи ташкилотҳои варзишии кишварҳои СҲШ баррасӣ шуд.