ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Ба кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе роҷеъ ба роҳу василаҳои пешгирии коррупсия ва ҳамкорӣ намудан бо мақомоти салоҳиятдор тавзеҳот дода шуд.
Ба иттилои дафтари матбуотӣ шаҳрдорӣ, ин масъала зимни мулоқоти кормандони Агентии мубориза бо фасод бо масъулини шаҳрдорӣ баррасӣ гардид.
Таъкид шуд, ки мулоқоти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо барои соли 2023 ҷиҳати татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар ҶТ барои давраи то соли 2030 сурат гирифт.
Аснои баргузории мулоқот кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар шаҳри Душанбе бо кормандони раёсату шуъбаҳои шаҳрдорӣ, ҳамкорӣ намудан бо мақомоти салоҳиятдори давлатӣ ҷиҳати решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб муҳим дониста шуд.
Қайд шудааст, ки масъулин ҳангоми дучор омадан бо омилҳои коррупсионӣ бояд бетараф набошанд.
"Кормандони раёсати Агентӣ зимни таҳлили вазъият оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ сухан намуда, аҳли нишастро даъват карданд, ки дар самти бартараф намудани ин зуҳуроти номатлуб бетараф набошанд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид гардид, ки коррупсия дар замони муосир мушкилоти ҷаҳонӣ гардида, самаранокии мубориза бо он аз иштироки фаъолонаи ҳар шаҳрванд вобастагӣ дорад.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ аз мақомоти дахлдор даъват карда буд, ки кори сохторҳои тобеяшро вобаста ҷой доштани ҳолатҳои коррупсионӣ мавриди санҷиш қарор диҳанд.