ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Ҳарорати ҳавои Тоҷикистон дар давоми апрел аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа болотар хоҳад шуд, иттилоъ дод Агенти обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар маҷмуъ тайи моҳи дуюми баҳор дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар мебошад.
Дар рӯзҳои алоҳида боронҳои шадид, раъду барқ, жола ва шамол то 22 метр дар як сония пешгӯӣ мегардад.
Ҳавошиносони Тоҷикистон дар мавриди ҳарорат дар пойтахти ҷумҳурӣ изҳор доштанд, ки нишондоди миёнаи он аз 15 то 23 дараҷа гарм хоҳад буд.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво аз меъёри иқлимӣ то 1 дараҷа баланд - ба ҳисоби миёна аз 15 то 26 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Ҳарорати миёнаи моҳона дар Хатлон низ аз меъёр 1 дараҷа боло пешгӯӣ гардида, нишондиҳандаи он дар давоми моҳ дар водиҳои ҷануби кишвар аз 26 то 34 ва шабона аз 13 то 19 дараҷа гарм мешавад.
Дар доманакӯҳҳо шабона аз 7 то 14 ва рӯзона аз 17 то 26 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Ҳарорати ҳаво дар моҳи апрел дар қаламрави вилояти Суғд ҳаво дар ҳадди меъёри иқлимӣ дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо то 23 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 12 дараҷа гармиро ташкил хоҳад дод.
Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати ҳаво то 17 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят 2 то 6 дараҷа гарм пешгӯӣ гардида, рӯзҳои аввали моҳ эҳтимоли барфрезӣ ҷой дорад.