Рақибони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 маълум шуданд

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон, ки ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт, зимни қуръакашӣ ҳарифонаш маълум шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Дар Тайланд қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё - 2023 байни дастаҳои ҷавонони то 17-сола баргузор шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.
Аз рӯи натиҷаҳои қуръакашӣ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба гурӯҳи "С" дохил шуданд.
"Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо Австралия, Арабистони Саудӣ ва Чин бозӣ мекунад", - гуфтанд дар вазорат.
Ёдовар мешавем, ки бозии ҳалкунандаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Афғонистон бо пирӯзии бузурги дастаи Тоҷикистон анҷом ёфт.
Аз рӯи натоиҷи Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон чаҳор дастаи беҳтарин соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми ҷаҳон-2023 мешаванд.
Шикасти мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Кувайт
Бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё - 2023 аз 12 январ то 10 феврали соли 2024 баргузор мешаванд. Дар онҳо на танҳо дастаҳои Тоҷикистон, Австралия, Арабистони Саудӣ ва Чин, балки аз Тайланд, Яман, Малайзия, Лаос, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Афғонистон, Қатар, Ҷопон, Ҳиндустон, Ветнам ва Ӯзбекистон низ ширкат хоҳанд кард.
Дар аввал интизор мерафт, ки Чин мизбони ин чорабинӣ шавад, аммо ба далели пандемияи коронавирус ин кишвар аз ташкили мусобиқа худдорӣ кард.