ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Вазорати дифои Русия хабар дод, ки гурӯҳи "Ҷанубӣ"-и нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар самти Донетск дар як шабонарӯз беш аз 340 низомии украинӣ ва зархарид ва 24 техникаро нобуд карданд.
"Дар самти Донетск дар натиҷаи амалиёти фаъоли воҳидҳои гурӯҳи нерӯҳои "Ҷанубӣ", зарбаҳои ҳавоӣ ва оташфишонии тӯпхона талафоти душман дар як шабонарӯз беш аз 340 нафар низомиён ва зархаридон, ду танк, чор мошини ҷангандаи пиёдагард, шаш мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, нуҳ худрав, як дастгоҳи "Ураган" ва инчунин гаубитсаи D-20 ва D-30 нобуд карда шуд”, - омадааст дар хабари вазорат.
Илова бар ин, ин ниҳод хабар дод, ки давоми як рӯз дар самти Херсон 25 низомии украинӣ, 11 мошин ва се гаубитсаи D-30 низ талаф дода шуданд.
Вазорати мудофиаи Русия мегӯяд, гурӯҳи нерӯҳои мусаллаҳи "Восток" ба мавқеъҳои душман дар самтҳои Южно-Донетск ва Запороже зарба зада, дар як шабонарӯз беш аз 25 сарбози украинӣ ва 2 техникаро нобуд карданд.
Дар самтҳои Купянск ва Краснолиманск низ дар як рӯз 180 низомии украинӣ кушта шуд.