Видеои ифтори тоҷикон дар “Хаймаи Рамазон”-и шаҳри Маскав

Садҳо тоҷикони рӯзадор дар "Хаймаи Рамазон" барои адои намоз, шунидани амри маъруф ва кушодани рӯза дар назди масҷиди Ҷомеъи Маскав ҷамъ шуданд
Sputnik
Дар "Хаймаи Рамазон"-и шаҳри Маскави Русия шоми Точикистон баргузор шуд.
Пеш аз ифтор мусиқии суннатӣ, шеъру суруд, табрику орзуҳои нек садо дод.
Ҳангоми дамидани шом ва садо додани азон, вақти ифтор фаро расид ва дар назди меҳмонон дастархони саховатманди тоҷикона кушода шуд. Дар ин шом, ҳазорон нафар тавонистанд аз таъомҳои миллии тоҷикӣ, нӯши ҷон кунанд.
Раҳмати ғизоӣ дар моҳи Рамазон: Ифтори мусалмонони ҷаҳон дар акс
Меҳмононро дастархони болаззат – оши палави тоҷикӣ, меваю сабзавот ва шириниҳо интизор буд.
Дар назди масҷид барои онҳое, ки ба дохили “Хаймаи Рамазон” дохил шуда натавонистанд, дар назди Хайма пахши мустақим ва тақсими ғизо барои ифтор ташкил карда шуда буд.
Баъд гӯшт нархи шир ҳам дар Хатлон боло рафт
"Хаймаи Рамазон" барои 18-ум бор аст, ки дар Маскав баргузор мешавад ва имсол он ба муносибаи Соли омӯзгор ва мураббӣ бахшида шудааст ва шиори он ҳам "Омӯзгорӣ. Намунаи нек бош" аст.