ДУШАНБЕ, 29 мар – Sputnik. Кори ДОИШ* дар Афғонистони рӯ ба поён аст ва акнун ин гурӯҳ аз мардуми бе гуноҳ интиқом мегирад, гуфт муовини сиёсии нахуствазири ҳукумати толибҳо Мавлавӣ Абдулкабир дар вокуниш ба ҳамлаи интиҳории ахир дар Кобул.
Вай афзуд, ҳамалоте аз дасти ин гурӯҳ чеҳраи аслии душманони ислом ва афғонҳоро ошкор мекунад.
Ба рағми изҳороти Абдулкабир, ҳамалоти ДОИШ* пас аз ба қудрат расидани толибон дар Афғонистон дар моҳи август соли 2021 афзоиш ёфтааст.
Ин гуруҳ акнун аслитарин таҳдиди террористӣ дар Афғонистон қаламдод мешавад.
Бояд гуфт, ки дар ҳамлаи интиҳории ахир, ки дар шаҳри Кобул, дар наздикии вазорати хориҷаи толибон сурат гирифт, шаш тан кушта ва шумории ҳам захмӣ шуданд.
Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи ДОИШ бар ӯҳда гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки ахиран дар бинои маъмурияти шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон таркиш рух дод, ки бар асари он волии вилоят Муҳаммад Довуд Музмал ба ҳалокат расид.
Як бомбгузори маргталаб бо камарбанди мунфаҷира вориди бинои маъмурияти вилоят шуд ва худро дар ҳоле мунфаҷир кард, ки Музмал бо як ҳайати толибҳо, ки аз Кобул омада буд, музокира мекард.
Ин амали террористиро низ “ДОИШ”* бар дӯ гирифт.
* - созмон ё гурӯҳи террористии мамнуъ дар қаламрави Русия