ДУШАНБЕ, 29 мар – Sputnik. Раисҷумҳури Туркманистон, Сардор Бердимуҳаммадов рӯзи 10 апрел вориди Душанбе мешавад, хабар доданд ба Sputnik Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, сафари расмии раҳбари Туркманистон ду рӯз идома хоҳад кард. Аз мавзуъҳои меҳварии ин боздид, баррасии масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ғайра арзёбӣ мешавад.
Одатан дар рӯзҳои сафари меҳмонҳои баландпоя ҳаракат дар бархе аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе маҳдуд шуда, аз шаҳрвандон истифодаи ҷодаҳои дигар хоста мешавад
Дар остонаи сафар, рӯзи 7 апрел дар Душанбе ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони ду кишвар баргузор мешавад, ки дар он имзои санадҳои дуҷониба дар бораи ҳамкориҳои доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар назар аст.
Маврид ба зикр аст, ки соли равон Тоҷикистону Туркманистон 30-юми солгарди истиқрори муносиботи дипломатиро таҷлил карданд.
Эмомалӣ Раҳмон ба ин муносибат бо Бердимуҳаммадов суҳбати телефонӣ анҷом дода, тамосҳои сатҳи олиро барои таҳкими ҳамкорӣ муҳим арзёбӣ намуда буд.
Президентҳо раванди тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва байнипарлумонӣ, ҳамчунин, дигар ҷанбаҳои муносибатҳои байниҳамдигариро дар қолаби шарикии стратегӣ мусбат арзёбӣ намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон аз таваҷҷуҳи пайвастаи ҷониби Тоҷикистон ба пешбурди пайгиронаи тамоми маҷмӯи муносибатҳо бо Туркманистон гуфтааст.
Вобаста ба ин аҳамияти идомаи муколамаи байнидавлатӣ ва равобити эътимодбахш дар сатҳҳои олӣ ва баланд мавриди таъкид қарор гирифта, Раҳмон Бердимуҳаммадовро ба Душанбе даъват карда буд.