ДУШАНБЕ, 29 мар – Sputnik. Бинобар фарорасии намию гармӣ то 31 марти соли 2023 дар ноҳияҳои кӯҳииТоҷикистон ҳавои хатарнок боқӣ хоҳад монд.
Ин нуктаро Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бо нашри як иттилоия таъкид карда, аз меҳмонону сокинони кишвар хостааст, эҳтиёткор бошанд.
Дар феҳрасти масирҳои хатарнок аз ҷумла Душанбе-Чаноқ, Нуробод-Рашт-Сангвор зикр гардидаанд. Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳаво хатарзо боқӣ мемонад.
Махсусан барои мусофирони самти Душанбе -Дарвоз, Дарвоз-Ванҷ, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ - Ҷелондӣ, Хоруғ-Рошқалъа ва Хоруғ-Ишкошим аз хатари тармафароӣ гӯшзад шудааст.
Кумита аз мардуми кишвар хоҳиш намудаст, ки ба хотири пешгирӣ аз садамаҳои марбут ба номусоидии обу ҳаво ва рух додани офатҳои табиӣ, ба шикор ва моҳидорӣ дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ набароянд.
Худдорӣ аз ҷамъоварии ҳезуму растаниҳои минтақаҳои куҳӣ аз даъватҳои дигари Кумитаи ҳолатҳои фавқулода будааст.
Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ аз ронандагоне, ки аз роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо, бахусус тавассути шоҳроҳҳои Душанбе-Чаноқ ва Душанбе-Хоруғ сафар ба нақша гирифтаанд, хостааст, то ҳадди имкон эҳтиёткору ҳушёр бошанд.