ДУШАНБЕ, 29 мар – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои кишоварзии баҳорӣ, бунёди боғу токзор, мулоқоту суҳбат бо сокинон ва ифтитоҳи якчанд иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба вилояти Суғд ташриф овард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Истиқболи Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд
© Пресс-служба Президента Таджикистана
Таъкид шудааст, ки намояндагони аҳли ҷомеаи вилояти Суғд – аҳли илму фарҳангу адаб, зиёиён ва ҷавонон кишвардори Тоҷикистонро бо самимияти афзуну руҳияи болида ва дар фазои шукуҳманди наврӯзӣ пазироӣ намуданд.
“Гурӯҳи ҷавонон, аҳли фарҳанг ва духтарони атласу адраспӯш бо иҷрои суннатҳои Наврӯзи аҷдодӣ шукргузории хешро аз сулҳу ваҳдати миллӣ, фазои ободу шукуфоӣ тараннум ва ифтихору сарбаландии хешро аз ташаббусҳо ва эътирофи Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ифода намуданд”, - таъкид кардааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии асосии фарҳангии таҷлили Наврӯз -2023-и Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанди вилояти Суғд 29-30 март баргузор мешавад.
Қаблан Бахтиёр Қосимов, сардори Раёсати фарҳанг дар вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод, ки як гурӯҳи эҷодӣ аз Вазорати фарҳанг ба Хуҷанд омада якҷо бо ҳунармандону овозхонҳо тамрин мегузаронанд.
“Беш аз 19 ҳазор иштирокчиён аз санъаткорон аз ҷумла овозхонҳову навозандагон ва раққосон барои таҷлили бошукӯҳи чорабиниҳои фарҳангии Наврӯз -2023 баромад мекунанд” - гуфт, сардори Идораи фарҳанг.
Бино ба иттилоъи дарёфтии Sputnik Тоҷикистон ин чорабинии бошукӯҳ дар Муассисаи давлатии “Варзишгоҳи 20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки меҳмонони олимақоми кишвар доир хоҳад шуд.