ДУШАНБЕ, 29 мар – Sputnik. Мизони бекорӣ дар Русия ба ҳадди бесобиқа поин расидааст, аммо ин маънои онро надорад, ки ҳамаи мушкилот дар бозори кор ҳал шудаанд.
Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар мулоқот бо аъзои ҳукумати кишвараш баён дошт.
"Умуман, дар бораи сифати ҷойҳои кор саволҳо ба миён меоянд. Дар баъзе минтақаҳо сатҳи бекорӣ ҳанӯз ҳам аз нишондодҳои миёнаи кишвар болотар мебошад. Дар бархе корхонаҳо фаъолият пурра нест", - гуфт роҳбари давлат.
Зикр гардид, ки дар маҷмӯъ, аз моҳи июли соли гузашта иқтисоди Русия майлони мусбӣ нишон медиҳад.
"Бозгашт ба роҳи рушд набояд моро қаноатманд кунад. Мо бояд тамоюлҳои мусбати иқтисоди худро дастгирӣ ва таҳким бахшем, самаранокии онро афзоиш дода, соҳибихтиёрии технологӣ, кадрӣ ва молиявиро таъмин кунем", - таъкид кард Путин.
Вай даъват кард, ки давлат пешрафтро бидуни бюрократияи нолозим ба зудӣ амалӣ кунад, зеро таҳримҳои ғайриқонунӣ алайҳи Русия дар дарозмуддат метавонад ба иқтисодиёт таъсири манфӣ расонанд.
Омили пешбари иқтисод афзоиши бемайлони талаботи дохилӣ мебошад, вале динамикаи он бояд ба ҳадафҳои таварруми таъйиннамуда аз ҷониби Бонки марказӣ мувофиқ бошад.
Президент дастур дод, соҳаҳои аз ҳама зиёд зарардида - саноати автомобилсозӣ ва саноати чӯбу тахта барқарор карда шаванд.
Дар мавриди инфрасохтор зикр шуд, ки ҳаҷми рекордии манзил дар соли 2022 ба истифода дода шуда, роҳҳо таъмир гардиданд. Президент ба ҳукумат ва мақомоти маҳаллӣ дастур дод, ки суръатро нигоҳ доранд. Зикр шуд, ки барои ин аз буҷет ба таври иловагӣ 315 млрд рубл қарзҳои мақсаднок ҷудо шудааст.