Аз либос то пулу ширинӣ: Ҳадияи наврӯзии Раҳмон ба ятимон дар шаҳри Гулистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориаш ба вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон бо ятимон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят суҳбат кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 мар – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо ятимон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд суҳбати самимӣ анҷом дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
“Барои ин гурӯҳи наврасон хони Наврӯзӣ ва барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд”,- таъкид кардааст манбаъ.
Манбаъ таъкид кардааст, ки аз ҷониби раисҷумҳури кишвар ба 100 нафар наврасон маҷмӯи сару либос, китоб, маблағи пӯлӣ ва шириниҳо тақдим карда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки дастгирии ятимону бепарасторон дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, дар ҳар як ҷашну маросим ба онҳо кумак расонида мешавад.
Раҳмон дар Суғд: Истиқболи кишвардори Тоҷикистон дар фурудгоҳи Хуҷанд
Ҳамзамон кишвардори Тоҷикистон зикр кардааст, ки марҳила ба марҳила таҳким бахшидан ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои ятимону бепарасторон имкон дод, ки сифати нигоҳубин ва таълиму тарбия дар онҳо беҳтар гардида, кӯдакону наврасони бо амри тақдир бесаробонмонда таҳти ғамхории давлату щукумати кишвар қарор дода шавад ва дар оянда ҳамчун шахсони фаъолу комилҳуқуқи ҷомеа ба камол расанд.
Дафтари матбуоти раисыумщур цайд кардааст, ки бунёд ва навсозии мактаб-интернатҳо ва фароҳам овардани шароити замонавии зист ва таҳсил барои ятимону бепарасторон намунаи олии дастгириҳои доимии роҳбари давлат дониста мешавад.