Зарбаҳои мунтазами қувваҳои мусаллаҳи Русия ба анборҳои ҷангӣ ва воситаҳои боркашонии низомиёни Украина, пешрафт дар хати сеюми мудофиа дар ғарбтари Кременная – ин ҳама ба ҳақиқати сахти воқеӣ бармегардонад.
Амалиётҳои ҷангии шиддатнок роҳи муносиби ғайринизомиву решакан намудани режими Киев мебошад.
Бинобар ин,Артемовск ва Авдеевка дар харитаи амалиёти вижани низомии Русия-ин ҷурғофия не балки стратегия, нуктаи назоратии самаранокии нобудсозии артиши украинӣ ва иқтидори ҳарбии НАТО мебошад.Низомиёни Русия чун бо панҷаи оҳанин қуваҳои украиниро дар“қалъаи Баҳмут” ва мавзеи даргириҳои Авдеевка ба ҳалқа мегиранд.
Дастаҳои ҳамлавари ширкати низомии хусусии "Вагнер" дилпурона аз якчанд самт сӯи маркази Артемовск ҳаракат доранд.Ҳар бинову ҳам маҳалла тоза карда мешаванд.
Дирӯз “мусиқачиён”ҳамаи қаламрави корхонаи коркарди металли Артёмовскро,ки чанде пеш дар яке аз сехҳояш президенти украинӣ Владимир Зеленский мукофот тақсим мекард,таҳти назорат гирифтанд. Мавзеи таҳти назорати Русия дар истгоҳи роҳи оҳани Баҳмут-1 васеътар гардид.
Амалиётҳои дастаҳои зерсохторҳои ҳамлаварро гурӯҳҳои ҳайати оташандозҳои вазнини навъи "Солнцепек"дастгирӣ доранд. Онҳо бо мушакҳои термобарикӣ ба нуқтаҳои такягоҳиву назоратӣ ва каминггоҳҳои зеризаминии душман зарба мезананд.Бар зидди низомиёни Ураинӣ дар Авдеевка,ҳамчунин,тӯпчиёну мерганҳо низ мубориза мебаранд.
Ба кӯшишҳои украинӣ бобати кушодани роҳи“қалъаи Баҳмут”аз ғарб зерсохторҳои артиши хушкигард ва флоти ҳавоии қувваҳои кайҳониву ҳавоии Русия садди роҳ шуданд. Ҳамкории қанотҳои гурӯҳҳои ширкати хусусии низомии "Вагнер"ва Вазорати мудофиаи Русия бенуқсон аст,қувваҳои русиягӣ дар мавзеи Артёмовск мустаҳкаму пурқувват мебошад.
Сарфармондеҳи қувваҳои низомии Украина Залужний ноумедона ба нозирони лондониаш дар бораи вазъияи ноилоҷи артиши украинӣ ва“ҳолати вазнин дар Баҳмут”ҳисобот дод .
Ғайр аз ин,дар 50 киломерт ҷанубтар“сарнавишти Баҳмут”-ро Авдеевка-мавзее,ки ҳукумати киевӣ ба он ҷой даромадани ихтиёриён,журналистон ва ҳам шаҳрвандонро манъ намудааст, такрор мекунад.
Дар шаҳр кӯчонидани боқимондаҳои корхонаҳои украинӣ, кӯчонидани иншоотҳои алоқаи мобилӣ оғоз гардидааст. Тибқи маълумоти маъмурияти ҶМД, нерӯҳои украинӣ дар мавзеи Авдеевская дар ҳолати наздик ба“иҳотаи таъҷилӣ мондан” аст.
Иктишофи ҳавоӣ,пайгирӣ аз тири тӯпҳо ва аз мушакҳо, девори оташи тӯп дар хати пеши ҷабҳа, ин ҳама имкони танг намудани тӯпчиёни украиниро дар хати ҷабҳа доданд.Дар хати пеши ҷабҳа аз Қувваҳои мусаллаҳи Украина фақат шикастапораҳои тӯпҳои вазнини амрикоии навъи М777, маҷмааи чехословакии реактивӣ барои шилликпарронӣ ва системаҳои рективии шӯравии"Град” боқӣ мондаандтд.
Қувваҳои кайҳониву ҳавоии Русия дар мавзеи Авдеевка бо истифода аз яроқҳои нишонгириашон дақиқи то 50 км аз нуқтаи партофт бо бомбаҳои вазнашон беш аз 1,5 т зарбаҳои пуршиддат зада истодаанд.
Ғарб кӯмак намекунад
ВАО Британия дирӯз хабар дод,ки дар ҷангҳо барои Артемовск ҳамарӯза то 200 аскарони украинӣ кушта мешаванд.Тибқи маълумоти ҶМЛ,дар як ҳафта аз 20 то 26 март-режими киевӣ дар самти Артемовск 1,5 ҳазор аскари кушта талаф дод.Вазорати дифои Русия дар шабонарӯзи гузашта аз нобудсозии беш аз 620 хизматчиёни ҳарбии украинӣ хабар дод.
Аз наворҳои нашршуда,ки пас аз зарбаҳои ҳавоии Русия дар дар мавзеъҳои даргирӣ омода карда шудаанд, бобати теъдоди зархаридони хориҷӣ тасаввурот пайдо намудан мумкин аст: дар ҳама ҷой ҷасадҳои онҳо хобидаанд, бо остинчаҳои аломатҳо дар шакли парчамҳои лаҳистониву гурҷӣ (“рухстӣ”-ҳои низомиёни лаҳистонӣ ва аъзоёни Georgia national legion) дошта.
Ҳамаи навъҳои омор ба қувваҳои мусаллаҳи украинӣ кафолати ҳуҷуми ҷавобии муваффақро намедиҳанд, аммо режими лӯхтакмонанди Киев талафотро ҳисоб намекунад.
Хоҷагони Ғарбӣ артиши украиниро ба“ҷанги охирину ҳалкунанда” меронанд.Ва барои ин худкушии оммавиашон ба низомиёни украинӣ техникаи кӯҳнаи зиреҳпӯш ва камтарин захираи яроқу аслиҳаро медиҳанд. Дастаҳои танкчиёни қувваҳои мусаллаҳи Украина савори мошинаҳои зиреҳпӯши қадимаи M1224 мебошанду то ҳол интизори расидани мошинаҳои ҷангии хушкигарди "Bradley" ва "Marder" ҳастанд.
Иқтидори ҷангии 14 танки ваъдагии британиягии "Challenger-2" бо экипажҳои украинӣ дар хати ҳазоркилометраи даргириҳо фақат ҳисси ҳайратро ба мисли ҷангҳои шамшерзанони замони Рими қадим бедор месозад, ки байни ҳам меҷангиданд. Ҳатто бо иловаи бист мошини ҷангии зиреҳпӯши "Bulldog" ва 30 тӯпҳои худгарди ҷангии "AS-90".
Ҳатто фиристодани даҳҳо ё худ, эҳтимолан, садҳо танкҳои "Леопард"ва"Абрамс"-и НАТО наметавонанд бартарии стратегии қувваҳои мусаллаҳи Русияро дар театри амалиёти ҷангии Украина дигар намоянд.
Русия дар сайёра теъдоди бештарини танкҳоро дорад-беш аз 12 ҳазор,ва дар соли 2023 1,5 ҳаз. танкҳои дар ҷаҳон беҳтарини Т-90М "Прорив" ва Т-14 "Армат"-ро истеҳсол менамояд. .
Албатта,истеҳсоли якчанд миллион тирҳои тӯп барои комплекси саноати ҳарбии Русия муаммо нест.Ба ин гуна истеҳсол ИМА ва НАТО қодир нестанд, ҳатто ҳамаи саноати ҳарбии Ғарб дар ҳолати имрӯзааш,ки онро ҳатто "Washington Post" фаромӯшхотирии ғайри қобили истеҳсоли яроқ меномад.
Ба шакли доллару евро кӯмаки ҳарбии “давлатҳои донор”(душманони Русия), гӯё ки мунтазам ворид мегардад, аммо камбуди тайёраҳо, мошинҳои вазнин зиреҳпӯш, “гуруснагӣ аз гулӯла” дар тӯпҳои украинӣ ва афзалияти якчандкаратаи артиши Русия-ин ҳама хаёлпарастиро камтар мекунад. Зарбаҳои мунтазами қувваҳои мусаллаҳи ФР ба анборҳои ҷангӣ ва воситаҳои боркашонии низомиёни Украина, пешрафт дар хати сеюми мудофиа дар ғарбтари Кременная, ин ҳама ба ҳақиқати сахти воқеӣ бармегардонад.
Сиёсатмадорон ва тарҳрезони ИМА ва НАТО аллакай сафсатаи соли гузаштаашонро дар бораи "ғалаба аз болои Русия дар майдони ҷанг”-ро такрор намекунанд, онҳо ба “суст намудан”-и Русия бо роҳи сафарбарии қатъӣ ва батадриҷ нобуд кардани аҳолии қаламрави таҳти назорати Киев ҳам розиянд. Камхарҷи болонишин.
Ҳамчунин, аз нуқтаи назари амрикоӣ–қулай, охир дар даври нави таърих ин одамон метавонанд ба Русия баргарданд ва бо ин мавқеи онро пурқувват созанд.