ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ин маҷлис аъзои ҳукумати кишварро барои ҳар чи зудтар расонидани кӯмак ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида вазифадор кард.
Тавре хабаргузории АМИТ “Ховар” хабар додааст, дар маҷлиси навбатӣ аъзои ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ барои таъмини иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ ва андозҳо, вазифадор гардиданд.
Ҳамчунин сарвазири кишвар дар бораи вусъатбахшии тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ, бо сифати баланд ва бо риояи қоидаҳои муосири агротехникӣ анҷом додани кишти баҳорӣ, таҳкими иқтидори саноатӣ ва содиротии мамлакат, супориш дод.
Дар ин ҷаласа сарвазири Тоҷикистон ба масъалаи пурраи оқибатҳои офатҳои табиӣ аҳамияти хос додааст.
Қоҳир Расулзода барои бартарафсозии пурраи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва расонидани кумак ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида ва омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 аъзои ҳукумати кишварро вазифадор намуд.