Охирин омори талафоти сел дар Афғонистон

Ҳукумати феълии Афғонистон дар бораи омори талафоти сели ахир хабар дод ва гуфт бар асари ин офати табиӣ шумори ҷонбохтагон ба нӯҳ нафар расид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 мар – Sputnik. Идораи ҳавошиносии Афғонистон ахиран дар мавриди эҳтимоли вуқуъи сел дар беш аз бист вилояти ин кишвар ҳушдор дода буд, иттилоъ додааст хабаргузории "Парс Тудей".
Ин идораи илова бар селоб, бориши барфро низ пешбинӣ карда буд. Ба рағми ҳушдорҳо даҳҳо нафар дар ин ҳодисаи табиии ҷон бохтаанд.
Дар ҳамин ҳол, вазорати муқобила бо ҳаводиси ғайримутараққиба дар Афғонистон эълом кард, ки бар асари селобҳои ахир дар 23 вилояти ин кишвари 9 тани ҷон бохта ва 74 тани дигари масдӯм шудаанд.
Ҳушдори ҳукумати толибҳо аз эҳтимоли вуқуъи селоб дар 21 вилояти Афғонистон
Муҳамадаббос Охунд сарпарасти ин вазоратхона тахриби 1779 хона ва 20 ҳазор ҷариби замини зироатӣ дар ин селобро таъйид кард.
Селоби иддаи зиёде аз сокинони манотиқ буҳронзадаро бо мушкилоти шадиде рӯбарӯ кардааст.
Ҳодиса дидагон аз ҳукумати толибон хостори искон ҳар чоҳ саритар оворагон шудаанд.
Гуфтанӣ аст, ки Афғонистон дар ду ҳафтаи гузашта, шоҳиди ҳаводиси табиӣ фоҷеъабор аз ҷумлаи селоб ва зилзила будааст.