ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Ҳодисаи сейсмикӣ дар ҷануби вилояти Хатлон дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон сабт шудааст.
Бино ба маълумоти Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Узбекистон, заминларза ба шиддати 3,8 дараҷа тақрибан дар 20-25-километрии ҷануби Кӯлоб рух додааст.
Чуқурии маркази зилзила 25 километрро ташкил дода, нисбатан ба сатҳи замин наздик буд.
Дар ҷануби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дар он тарафи сарҳад – дар қаламрави Бадахшони Афғонистон ва вилояти Тахор низ тақрибан ҳамарӯза ҷунбиш мушоҳида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки шаби 23 март дар Тоҷикистон як силсила заминларза рух дод, ки бар асари он биноҳои истиқоматӣ, маъмурӣ ва коммуналӣ дар вилояти Суғд ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ осеб диданд.
Пас аз ҳодисаи изтирорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, як комиссияи вижае таҳти раёсати сарвазир Қоҳир Расулзода таъсис дод, ки ҳоло он зарари зилзиларо дақиқ мекунанд.