Толибҳо: нафари дувуми ДОИШ* “Абу Умар Афридӣ” дар Балх кушта шуд

Мақомоти толибҳо иддао доранд, ки се узви барҷастаи гурӯҳи террористии ДОИШ-и Хуросон* аз аз ҷумла нафари дувуми гурӯҳро дар Балх ба ҳалокат расиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Манобеи амниятии толибон эълом карданд Мавлави Зиёвуддин, волии қаблӣ ва фарди шумораи дувуми ДОИШ* Абуумар Фридӣ, як узви шӯрои шохаи Хуросон, Салмони тоҷикистонӣ яке аз масъулони омузишҳои Низомии ДОИШ-ро тайи амалиёте ба ҳалокат рисондаанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ба гуфтаи мақомоти амниятии толибон, Мавлавӣ Зиёвуддин қабл аз Шаҳоб Алмуҳоҷр волии ДОИШ барои Хуросон масъули умури идорӣ ва қазои ин гурӯҳ террористӣ будааст.
Ин манба меафзоед Салмони тоҷикистонӣ низ аз мутахассисони омузиши Низомӣ ва сохт мавод мунфаҷира будааст.
Раёсати истихбороти толибҳо ахиран дар твиттери худ навишт, ин афрод дар ноҳияҳои 5,8, 10-уми вилояти Балх дар пайи роҳ андозии амалиёти неруҳои толибҳо кушта шудаанд.
Ихтилофи толибҳо ва Амрико дар мавриди ҳузури ДОИШ* дар Афғонистон
Бар асоси ин гузориш, ин афрод касоне буданд, ки дар террори Довуди Музмал волии пешини вилояти Балх даст доштаанд.
Ин дуюмин амалиёти толибҳо алайҳи ДОИШ* дар вилояти Балхи тайи як ҳафта гузаштааст.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид,сухангӯии толибҳо аз ҳамла бар се махфигоҳи ДОИШ* дар шаҳри Мазори Шариф хабар дода буд.
Манобе хабарӣ мегуянд ҳузури як шаҳрванди тоҷикистонӣ миёни афроди кушта шуда ДОИШ метавонад ҳароси кишварҳои Осиёи миёна аз таҳдиди ДОИШ дар Афғонистонро бештар тақвият кунад, ки нигарони пайвастан ҳарчӣ бештари шаҳрвандони исломгаро ва шибҳинизомии худ ба ин гурӯҳанд.
Бо вуҷӯди ин толибҳо ба кишварҳои Осиёи миёна қавл додаанд, ки ба ҷангҷуёни Осиёи миёнаи иҷозаи ҳамларо нахоҳад дод.
* - Созмон ё гурӯҳи террористии мамнуъ дар қаламрави Русия.