ДУШАНБЕ, 27 мар – Sputnik. Ахиран ҳайати мақомоти шаҳри Панҷакент дар раъси раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода озими минтақаҳои аз заминларза осебдидаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси шаҳри Панҷакент.
Тибқи иттилои манбаъ, масъулин ба деҳаи Палдораки ноҳия, ки аз заминҷунбӣ хисороти бештар дидааст, рафтанд.
Онҳо бо сокинони ноҳия дидор карданд ва кӯмакҳои бо худ овардаро супурданд.
“Мақомоти шаҳри Панҷакент чун ифодаи дӯстию бародарӣ ва ҳамдилӣ барои зиёндидагони заминларза ба ноҳия 100 тонна семент ва 5 тонна маводи хурока дастрас намуд”,- иттилоъ додааст манбаъ.
Зимни суҳбат бо сокинон мақомот ба онҳо ваъда дод, ки ҳама ҳамватанон барои дастгирию ёрӣ ва бартараф кардани оқибати офат паҳлӯи онҳо ҳастанд ва дар кӯтоҳтарин фурсат манзил ва дигар биноҳои ёрирасони харобшуда барқарор хоҳанд шуд.
Мақомти шаҳри Панҷакент зикр кардааст, ки ташкилоту муассисаҳо, сокинони шаҳр минбаъд низ барои бартараф намудани оқибати заминларза ба онҳо дасти мадад дароз мекунанд.
Манбаъ таъкид кардааст, ки ҳоло дар деҳаи Палдорак барои сокинони манзилашон осебдида хаймаҳо устувор карда, онҳо бо ҳама маводи зарурӣ таъмин шудаанд.
Қайд карда шудааст, ки бартараф кардани оқибати офат идома дорад.