ДУШАНБЕ, 27 мар – Sputnik. Автобусҳои мусофиркаш, ки чанде пеш ба шаҳри Хоруғ тақдим карда шуд, дар хатсайрҳои шаҳр ба фаъолият оғоз намуданд, иттилоъ додааст мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ.
Тибқи иттилои манбаъ нархи роҳкирои автобусҳо 1,5 сомонӣ буда, реҷаи фаъолияташон аз соати 7:00 то 19:00-ро дар бар мегирад.
“Хатсайри фаъолияти автобусҳои мусофирбар аз "Бозори 20-солагии Истиқлолият" то маҳаллаи Султони Валӣ, "Бозори 20-солагии Истиқлолият" то маҳаллаи Ниводак, инчунин аз "Бозори 20-солагии Истиқлолият" то маҳаллаи Андарситез, мавзеи Боғи ботаникӣ ва аз маҳаллаи Тем то Донишгоҳи давлатии Хоруғ мебошад”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Ҳамчунин мақомоти шаҳри Хоруғ зикр кардааст, ки аз 5 автобус 2 адад бинобар зичии аҳолӣ дар хатсайри рақами 1 хизмат мерасонад.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи татбиқи "Барномаи давлатии рушди мақсадноки нақлиёти Тоҷикистон барои давраи то соли 2025" бо дастури президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон автобусҳои муосири мусофиркашонӣ фиристода шуданд.