ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз рӯи шумораи муноқишаҳо ва задухӯрдҳо, инчунин дахолат ба корхои давлатхои дигар қаҳрамони ҷаҳон гардиданд.
Дар ин бора Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия изҳор дошт.
"Вашингтон кайҳо боз дар поймол кардани соҳибихтиёрии давлатҳо, дар миқдори ҷангу задухӯрдҳо, шикори ваҳшиёна ва ғайриқонунии шаҳрвандони мамлакатҳои дигар пешсаф аст", - афзуд ӯ.
Ба андешаи мавсуф, ИМА дар ҳақиқат на танҳо истиқлолияти давлатҳои дигарро поймол мекунанд.
""Иёлоти Муттаҳида худро диктатори асосии ҷаҳон таъин карда, дар асл, кишварҳоеро масхара мекунанд, ки соҳибихтиёрӣ ва демократия аз ҷониби онҳо поймол карда мешаванд",- гуфт раиси Шӯрои Амният.
Патрушев инчунин қайд кард, ки дар Амрико сиёсати беруниро ширкатҳо муайян мекунанд, аз ин рӯ, онҳо мекӯшанд, ки бартарияти байналмилалиро нигоҳ доранд ва дар саросари ҷаҳон барои миллиардҳо доллар даромад танишҳоро ба вуҷуд оваранд.
"Агар ИМА воқеан тасмим бигирад, ки ба сӯи демократия ҳаракат кунад ва аз таҳқири муттаҳидонаш даст кашад, мо танҳо аз он истиқбол хоҳем кард",- хулоса кард ӯ.
Қаблан Патрушев дар бораи дастандарткорони ҳамлаҳои террористӣ дар Маҷрои Шимол, ки то ҳол номаълум боқӣ мондаанд, сухан гуфт.
Дабири Шӯрои амнияти Русия дар бораи дахолат накардани Русия дар таҳқиқи амали террористӣ изҳори назар кард ва ангезаи Ғарбро дар ҷустуҷӯи омилони ин ҳамла ошкор кард.