Муҳандисони нерӯҳои ҳавоии толибҳо як ҳавопаймои русиро таъмир карданд - видео

Мақомоти толибҳо ахиран эълон карданд, ки муҳандисонашон як ҳавопаймои русиро таъмир карда, онро ба парвоз омода намуданд
Sputnik
Вазорати дифои толибҳо хабар дод, ки ҳавопаймои русӣ (Ан-32В) пурра таъмир шуд ва ҳоло комилан ба парвоз омода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Толибон расман аз ҳукумати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон даъват намудаанд, ки чархболҳо ва ҳавопаймои аз Афғонистон бурдашударо бозпас диҳанд.
Гап сари чархболҳо ва ҳавопаймоҳое меравад, ки халабонҳои афғонистонӣ пас аз иваз шудани қудрат дар Афғонистон ба Тоҷикистону Ӯзбекистон фирор карданд.
Расонаҳо: Толибон мехоҳанд чархболҳоро аз Тоҷикистону Ӯзбекистон баргардонанд - видео
Толибҳо иддао доранд, ки "беш аз 40 ҳавопаймо ба кишварҳои ҳамсоя, умдатан ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бурда шуданд.
Дар ҳамин ҳол, шумораи дақиқи ҳавопаймоҳои дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дармондашуда маълум нест.
Бояд зикр намуд, ки Амрико давоми 20 сол ба ҳукуматдорони собиқи Афғонистон миқдори зиёди ҳавопаймо ва дигар техникаҳои ҳавоӣ супурда буданд.