Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад

Ҳоло омодагиҳо бо ширкати 19 ҳазор нафар сарояндагону навозандагон ва раққосон барои тантанаҳои Наврӯзи асосии ҷумҳурӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷараён дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 мар – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба шимоли кишвар сафари корӣ анҷом медиҳаҳдд.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти кишвар ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
"Ҳадаф аз сафари раисҷумҳури кишвар ба вилояти Суғд ширкат дар чорабиниҳои бахшида ба Наврӯзӣ аст", - афзуд манбаъ.
Қарор аст, чорабинии асосии фарҳангии таҷлили Наврӯз -2023-и Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанди вилояти Суғд 29-30 март баргузор шавад.
Қаблан Бахтиёр Қосимов, сардори Раёсати фарҳанг дар вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод, ки як гурӯҳи эҷодӣ аз Вазорати фарҳанг ба Хуҷанд омада якҷо бо ҳунармандону овозхонҳо тамрин мегузаронанд.
Наврӯз 2023: таърих ва анъанаҳои ҷашни қадимӣ
“Беш аз 19 ҳазор иштирокчиён аз санъаткорон аз ҷумла овозхонҳову навозандагон ва раққосон барои таҷлили бошукӯҳи чорабиниҳои фарҳангии Наврӯз -2023 баромад мекунанд” - гуфт, сардори Идораи фарҳанг.
Бино ба таъкиди манбаъ дар чорабиниҳо фарҳанг ва ҳунари ҳама минтақаҳои Тоҷикистон дар жанрҳои гуногун аз ҷумла помирӣ, хатлонӣ ва суғдӣ рӯи саҳна инъикос хоҳад шуд.
Бино ба иттилоъи дарёфтии Sputnik Тоҷикистон ин чорабинии бошукӯҳ дар Муассисаи давлатии “Варзишгоҳи 20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки меҳмонони олимақоми кишвар доир хоҳад шуд.
Зимнан омодагиҳо ва тамрини фарҳангиён дар ин макон ҷараён дорад.