Раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, Маскав ва Пекин иттиҳоди низомӣ эҷод намекунад ва ба ҳеҷ кишваре таҳдид надоранд.
Раҳбари Русия таъкид кард, ки ҳамкориҳои ду кишварба хотири иттиҳоди низомӣ нест.
Владимир Путин дар шабакаи телевизионии "Россия-24" дар мусоҳиба бо рӯзноманигор Павел Зарубин гуфт ҳамкориҳои Маскав ва Пекин ба Ғарб таҳдид мекунад ва таъкид кард, ки хабарҳо дар ин бора “комилан дурӯғ аст".
Путин гуфт, ҳарчанд ду кишвар дар заминаи ҳамкориҳои низомиву фаннӣ ҳамкорӣ доранд нияти ташкили иттиҳоди низомӣ нест.
Владмир Путин илова кард, ки дар ҳамкории Маскаву Пекин ҳама чиз шаффоф аст ва ҳеҷ чизи махфӣ вуҷуд надорад.
Вай зикр кард, ки Русия на танхо бо Чин балки бо як катор кишварҳои дигар низ чунин хамкорӣ дорад.
"Мо на танҳо бо Чин не, балки бо дигар кишварҳо, ҳатто сарфи назар аз ҳаводиси Донбасс, Запорожье ва Херсон ҳамкориҳоро идома медиҳем", - гуфт Путин.
Дар баробари ин, ба гуфтаи вай, кишварҳои Ғарб ба бунёди як меҳвари наве, ки дар солҳои 30-юми асри гузашта аз ҷониби Олмони фашистӣ ва Италия ва Ҷопон сохта шуда буданд, оғоз карданд.
Дар ин замина Владимир Путин ёдовар шуд, ки Паймони Атлантикаи Шимолӣ дар бораи консепсияи нави стратегӣ ба мувофиқа расидаанд.
"Дар онҷо мустақиман навишта шудааст, ки НАТО равобит бо кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Оромро инкишоф медиҳад. Ва ин кишварҳо номбар шудаанд: Зеландияи Нав, Австралия ва Кореяи Ҷанубӣ ҳастанд. Онҳо эълон карданд, ки мехоҳанд НАТО глобалӣ ташкил намоянд. Ин чист? — гуфт кишвардори Русия.
Си Ҷинпин рӯзи душанбеи 20 март вориди пойтахти Русия шуд. Худи ҳамон рӯз дар Кремл музокироти ғайрирасми роҳбарони ду давлат сурат гирифт.