Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Дар Артемовск корхонаи “АЗОМ” зери назорати гурӯҳи “Вагнер” уфтод

Нерӯҳои гурӯҳи “Вагнер” корхонаи АЗОМ дар Артемовскро, ки моҳи декабр аз он Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина дидан карда буд, таҳти назорат гирифтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Нерӯҳои гурӯҳи “Вагнер” коргоҳҳои комбинати металлургии Артёмовск (АЗОМ)-ро комилан зери назорат гирифтанд, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
Хабарнигори ин расона ба яке аз коргоҳҳои ин корхона рафта, боварӣ ҳосил кард, ки гурӯҳи “Вагнер” тамоми қаламрави корхонаи “АЗОМ”-ро таҳти контроли худ гирифтааст.
Ба гуфтаи сарбозони ин гурӯҳ, ки ба ин корхона ҳамла карданд, дар коргоҳҳо чанд паноҳгоҳи бомб мавҷуд аст, ки нерӯҳои украинӣ барои пинҳон шудан аз гулӯлаборон пинҳон мешуданд, аммо ҳамлаи “Вагнер” барои нерӯҳои украинӣ комилан ғайриинтизор буд.
"Мо кӯшиш кардем, ки ба коргоҳҳо роҳ ёбем, баъд ман ин роҳро кашф кардам. Мо бехабар даромадем, сарбозҳои украинӣ моро надидан. Шунидам, ки гурӯҳи душман паси девор сӯҳбат мекунад. Ман ба сарбозонам фармон додам, ки ба ман наздик шаванд ва мо вориди ҷанг шудем. Қаблан сарбозони ман мехостанд аз тарафи дигар, квориди коргоҳ шаванд”, гуфт ба РИА Новости фармондеҳи гурӯҳи “Вагнер”.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Зеленский иқрор шуд, ки ҳамлаи ҷавобии Украина ғайриимкон аст
Дар натиҷаи набард сарбозони гурӯҳи "Вагнер" як сарбози украиниро асир гирифта, чанд нафари дигар, аз ҷумла як афсарро безарар гардонданд.
"Дар ин ҷо ду сарбоз ҷон бохт як сарбози артиши Украина ба назди онҳо баромад, ӯро дастгир карданд. Ва дар ин ҷо як афсари рутбаи капитан нобуд карда шуд", - гуфт ҳамсӯҳбат.
Моҳи декабр Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина аз корхонаи АЗОМ дидан кард ва дар он ҷо маросими супурдани ҷоизаҳо ба низомиёни украинӣ баргузор кард.