Мунтахаби футболи Русия бозиро бо тими Эрон низ мусовӣ кард

Дар нимаи аввал тими Русия голи аввалини худро дар соли 2023 зад, амм дар нимаи дувуми бозӣ эрониҳо тавонистанд ҳисобро баробар кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Бозии дӯстона миёни дастаҳои Русия ва Эрон бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт.
Ҳарду гол аз тариқи пеналтӣ зада шуд.
Дар нимаи аввал тими Русия голи аввалини худро дар соли 2023 зада, дар нимаи дувуми бозӣ эрониҳо ҳисобро баробар карданд.
Футболбозон Антон Миранчук ва Мехдӣ Тареми бо зарбаҳои ҳадафрас ба дарвозаҳои ҳамдигар гол заданд.
Ин бозӣ дар варзишгоҳи "Озодӣ"-и Теҳрон, бузургтарин майдони кишвар ва яке аз барҳавотарин варзишгоҳҳои ҷаҳон баргузор шуд.
Мунтахабҳои Русия ва Тоҷикистон имкон дорад дар чемпионати CAFA рақиб шаванд
Ёдовар мешавем, ки бозӣ бо Эрон моҳи ноябри соли гузашта қарор буд, вале баргузор нашуд.
Охирин бозии дӯстона миёни тимҳои миллии ду кишвар соли 2017 дар Қазон баргузор шуда буд. Он ҳам бо ҳисоби баробар 1:1 анчом ёфт.
Қабл аз ин дастаҳо моҳи феврали соли 2011 дар Абу-Даби (АМА) вохӯрда буданд, ки бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи эрониҳо анҷом ёфт.
Мунтахаби Русия бозии навбатии худро бо тими Ироқ анҷом медиҳад, вохӯрӣ 26 март дар варзишгоҳи "Газпром Арена" баргузор мешавад.